Низомҳои “Золотая корона” ва “Лидер” маблағҳоро бо пули русӣ бе мамониат қабул мекунанд
Душанбе, 08.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷавоб ба хабари сомонаи оҷонсии иттилоотии “Азия-плюс”дар мавриди он, ки гӯё низоми интиқоли маблағҳои “Золотая корона” ва “Лидер” қабул ва интиқоли рубли русии шаҳрвандони Тоҷикистонро қатъ кардааст, изҳор менамояд, ки дар айни замон тамоми низомҳои интиқолии амалкунанда дар қаламрави Русия, аз ҷумла “Золотая корона” ва “Лидер” тибқи реҷаи маъмулӣ ин амалиётро анҷом дода истодаанд. Тамоми овозаҳо дар атрофи қатъ гардидани қабули маблағҳои бо рубли русӣ пешниҳодшавандаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Русия аз ҷониби низомҳои интиқолии зикршуда дурӯғ буда, ҳақиқат надоранд.
Субҳи 6 феврал чун рӯзҳои дигар масъулини Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони низомҳои интиқолии Русия иртиботи телефонӣ доштанд ва дар натиҷа маълум гашт, ки низомҳои номбурда бе мамониат маблағҳои рублии шаҳрвандони Тоҷикистонро қабул ва ба ҷумҳурии мо интиқол дода истодаанд. Илова бар ин, ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ бо зиёда аз 20 низоми интиқолии дунё, аз ҷумла бо Русия ҳамкории зич доранд ва ҳамарӯза аз тариқи ин низомҳо ба Тоҷикистон бе ягон мушкилот маблағҳои пулӣ интиқол дода мешаванд.
Ҳамчунин нуқтаҳои интиқоли маблағҳои ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ ҳамарӯза маблағҳои бо рубли русӣ, аз он ҷумла аз Русия фиристодашударо ба интиқолгирандагон бо пули миллӣ — сомонӣ пардохт менамоянд. Дар робита ба ин масъала ҳоло ягон мушкилот нест, зеро фаъолияти бомарому муназзами нуқтаҳои интиқоли маблағҳо ҳамеша таҳти назорати Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд






