«Оғоз ба илм»: Муҳиба миёни 700 иштироккунанда сазовори ҷои дуюм гардид
Душанбе, 29.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Аз 11 то 19 феврал дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия 18-умин Конфронси байналмилалии корҳои илмӣ-техникии хонандагони давлатҳои аъзои ИДМ ба номи «Оғоз ба илм» доир гардид, ки дар он Муҳиба Раҳимова-хонандаи синфи 11-и литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе ширкат варзида, миёни 700 иштироккунанда сазовори ҷои дуюм гардид.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Муҳиба Раҳимова ҳоло хатмкунандаи литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар муддати таҳсил дар ин муассисаи таълимӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Аз ҷумла, соли 2014 дар Озмуни даставии хонандагони мактабҳои президентӣ аз фанни математика соҳиби ҷои аввал, инчунин ҳамон сол дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика дар Ҷумҳурии Қазоқистон сазовори ҷои дуюм гардид. Соли 2014 дар Озмуни IV-уми байналмилалии корҳои илмӣ оид ба математика ва механика, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, сазовори медали биринҷӣ низ гашт. Соли 2015 дар Озмуни V-уми байналмилалии корҳои илмӣ оид ба математика ва механика ба номи О. Жолдосбеков соҳиби медали нукра гашта, номбардори парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.
Илова ба ин, соли 2015 Муҳиба Раҳимова аз озмуни лоиҳаи Университети Осиёи Марказӣ гузашта, барои таҳсил дар лагери Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон роҳхат гирифт.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






