Ғолибони мусобиқаи камонварӣ ба Якутск мераванд
Душанбе, 25.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи камонварӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2001-2003 барпо гардид. Мусобиқаро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи камонварии кишвар баргузор намуд. «Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи камонварӣ омодагӣ ба Бозиҳои олимпии наврасон буд, ки соли 2018 дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина доир мегардад. Дар ин мусобиқа писарону духтарон дар тирандозӣ ба масофаҳои 60 ва беш аз 60 метр рақобат карданд», — иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев, сардори шуъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дар сабқати писарон Абдуллохон Иброҳимов бо 554 имтиёз ғолиб шуд. Шоҳрух Ҷабборов бо 441 имтиёз ҷойи дуюмро касб кард. Амирҷон Муъминов бо 438 имтиёз дар ҷойгоҳи сеюм қарор гирифт.
Дар сабқати духтарон варзишгарони мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба риштаҳои амалӣ маҳорати хуб нишон доданд. Ҷойи аввал бо 457 имтиёз насиби Дилноз Шарифова гардид. Нафиса Расулова бо 411 имтиёз ҷойи дуюмро ишғол намуд. Амина Азизова бо 298 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шуд.
Ба ин тартиб, ғолибон имкон пайдо карданд, ки дар Бозиҳои байналмилалии «Бачагони Осиё», ки имсол дар шаҳри Якутски Русия баргузор мешавад, ширкат варзанд. Ҳамчунин ин мусобиқа ҷоизадоронро водор месозад, ки барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии наврасони соли 2018 дар Буэнос-Айрес омодагии ҷиддӣ бигиранд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






