Олмон 54,5 миллион евро ба Тоҷикистон кумак мекунад

Февраль 12, 2016 16:59

Душанбе, 12.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Мутобиқи созишномаҳои имзошуда байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон 54,5 млн. евро барои лоиҳаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, энергетика, таҳсилоти касбӣ, сохтмони мактаб ва рушди низоми маблағгузории хурд дар минтақаҳои деҳот ва барқарорсозии инфрасохтори иҷтимоӣ ҷудо мегардад.
Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон мувофиқашуда, ки соли 2014 дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеролии Олмон доир гардида буданд, дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2014-2015 ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон доир ба ҳамкории техникӣ барои солҳои 2014-2015 баргузор гардид.
Созишномаҳоро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон сафири ин давлат дар Тоҷикистон Холгер Грин имзо намуданд.
Созишномаҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҷумҳурии Федеролии Олмон таҳия гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин созишномаҳо ҳар ду сол пас аз анҷом додани гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ имзо гардида, дар онҳо маблағҳои грантие нишон дода мешаванд, ки аз ҷониби Ҳукумати Олмон барои татбиқи лоиҳаҳои ҳамкории молиявӣ ва техникӣ ҷудо карда мешаванд.

Февраль 12, 2016 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид