Омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда
Душанбе, 15.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Аз 11 то 13 феврали соли 2016 барои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, хусусан шусташавии соҳилҳо ва чорабиниҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷалби хадамоти мудофиаи гражданӣ, ҳамзамон барои гузаронидани санҷиши омодагии зернизомҳои вазифавии низоми ягона, машқи соҳавӣ гузаронида шуд.
Тавре ки сардори хадамоти матбуоти кумита Ориф Нозимов иттилоъ дод, дар ҷараёни машқ ҷӯйборҳо ва заҳбурҳо, каналу селпартоҳо тоза карда шуда, омодагии техникаву таҷҳизоти хадамоти мудофиаи гражданӣ ба мавсими баҳори соли равон мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Чорабиниҳои мазкурро муовини якуми раиси кумита Рустам Шоҳиён назорат намуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






