Ҷонибдории авиаторон аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсия
Душанбе, 26.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз дар ҶСК «Тоҷикэйр» ҷаласаи муштараки кормандони «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ҶСК «Тоҷикэйр» бахшида ба масъалаи тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, баргузор гардид. Кишварзода Абдурашид Гулматшо, прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Илёсзода Хайриддин, муовини сардори Раёсати кадрҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияту муҳтавои пешниҳодоти мазкурро шарҳ дода, зарурати аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани онҳоро таъкид карданд.
— Чорабинии мазкур — гуфт Хайриддини Илёсзода,- аҳамияти муҳими сиёсиро доро буда, дар тақдири минбаъдаи кишвар нақши ҳалкунанда мебозад. Аз ин рў, ниҳоят муҳим аст, ки кулли мардуми ҷумҳурӣ рўзи муқарраршуда, яъне 22 май фаъолона дар раъйпурсӣ ширкат варзида, раъю нияти худро аз тариқи демократӣ баён кунанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти ФБД Ғолиб Сабуров хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






