Ошкор гардидани қариб 160 миллион сомонӣ зарари молиявӣ аз сӯи Палатаи ҳисоб

Февраль 9, 2016 13:58

Душанбе, 09.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришуда зимни гузаронидани беш аз 400 санҷиши аудиторӣ дар вазорату идораҳо, корхонаю бонкҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидори кишвар наздики 160 миллион сомонӣ зарари моливиро ошкор намуданд, ки он дар қиёс ба соли 2014 қариб 90 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби кишвар 9 феврал дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аз маблағи умумии ошкоргардида, ки 159 миллиону 557 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, беш аз 12 миллион сомонӣ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, зиёда аз 5 миллион сомонӣ камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, наздики 11 миллион сомонӣ изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, беш аз 1 миллион сомонӣ зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, зиёда аз 52 миллион сомонӣ талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ, беш аз 74 миллион сомонӣ маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо ва зиёда аз 3 миллион сомониро пардохт накардани суди саҳмияҳои давлатӣ ташкил медиҳад.
Дилмурод Давлатзода бештар ошкор намудани зарари молиявиро дар вазорату идораҳо, муассисаю корхонаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидори кишвар дар соли сипаришуда дар касбияту фаъолияти шаффофи мутахассисон ва таҳкими сохтори ин мақомоти олии назорати молиявии кишвар арзёбӣ кард.

Февраль 9, 2016 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид