Осорномаи монографии профессор Сафар Сулаймонӣ
Душанбе, 25.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Китоби профессор Сафар Сулаймонӣ «Библиографияи монографии Сафар Сулаймонӣ» аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба нашр расид.
Тавре ки аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хабар доданд, библиографияи монографии мазкур асарҳои илмӣ, таълимӣ, тарҷума, маводи таҳриркардаю тартибдода ва адабиёт роҷеъ ба фаъолияти илмию пажӯҳишии олимро дар бар мегирад.
Мақолаи муқаддимавӣ роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти илмӣ ва таҳқиқоту пажӯҳиши анҷомдодаи ӯ иттилооти мушаххас медиҳад. Кулли маводи ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хориҷӣ нашршуда бори нахуст дар ин китоби монографӣ ворид гардида, мавриди таҳқиқи муаллиф қарор гирифтаанд. Он маводи солҳои 1977-2015 чопшударо дар бар мегирад.
Унвони кулли осор ба забони асл ва тибқи меъёрҳои пазируфта тасвир шудаанд. Мундариҷа ва муҳтавои асарҳои бузургҳаҷм ба таври мухтасар шарҳ дода шудаанд. Асарҳое, ки тавассути унвонашон дарки мазмуни онҳо душвор аст, бо тавсифҳои иттилоотӣ комил гардидаанд.
Матолиб дар қисмҳо ва зерқисмҳои китобнома тибқи замони чопи асарҳо ва бо тартиби нави имлои алифбои тоҷикӣ тадвин гардидаанд. Тақризҳо ба осори Сафар Сулаймонӣ алоҳида оварда шудаанд. Барои дарёфти таъҷилии мавод дар поёни китобнома кумакфеҳристҳои алифбоии асарҳо, мавзӯӣ ва ашхос пешниҳод мешаванд.
Библиографияи мазкур дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Хонаи китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бойгонии олим тадвин гардидааст, чеҳраи илмиву пажӯҳишӣ ва самараи фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯро равшан намуда, ба муҳаққиқону мутахассисон ва донишҷӯён кумак хоҳад расонид.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






