«Овози тоҷик»- минбари форсизабонони Қазоқистон
Душанбе, 23.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Нахустин шумораи нашрияи «Овози тоҷик»- минбари форсизабонони Қазоқистон дар соли 2016 бо забонҳои тоҷикиву русӣ, қазоқӣ ва хати форсӣ дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон дар 12 саҳифа бо теъдоди 5 ҳазор нусха ба табъ расид. Дар шумораи навбатии нашрия навиштаҳои тоҷикони муқими ин кишвар, устодони журналистикаи тоҷик профессор Абдусаттор Нуралиев ва Қироншоҳ Шарифзода низ нашр шудааст, ки тавлиди нашрияи мазкурро табрик гуфтаанд. Инчунин матлаби М.Имомов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва омӯзгорон А.Спектор ва Л.Чигрин дар бораи профессор Абдусаттор Нуралиев ба нашр расида, дар саҳифае омӯзиши хати форсӣ ба роҳ монда, дар саҳифаи дигар шеърҳо бо хати форсӣ ҷой дода шудаанд. Дар бораи бархе аз бузургони адабиёти порсӣ, аз ҷумла дар бораи Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ ва Ҳофизи Шерозӣ мақолаҳо бо забони қазоқӣ нашр шудаанд. Мақолаи журналист Беҳрӯзи Забеҳулло дар бораи аллома Иқболи Лоҳурӣ низ аз матлабҳои хондании ин нашрия гардидааст.
Сармуҳаррир ва муассиси ин нашрия Шакарбек Норматов, аз тоҷикони номдори Қазоқистон мебошад, ки дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон низ фаъолият доштааст. Аз соли 2000-уми ин ҷониб раҳбари Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Karmetindustriesholding» ва ҳаммуассиси чандин корхонаҳо буда, аз соли 2010 ин ҷониб роҳбарии ҷамъияти тоҷиконро ба уҳда дорад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






