Парлумони Тоҷикистон бо Парлумони Исроил ҳамкориро ба роҳ мемонад
Душанбе, 01.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон тасмим дорад ҳамкориро бо Парлумони Исроил ба роҳ монда, тақвият бахшад. Дар ин росто 1 феврал аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба ташкили гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кнессети Давлати Исроил ва бо Палатаи вакилони Парламенти Ҷумҳурии Чехияро баррасӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон бо 40 Парлумони кишварҳои дунё гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориро таъсис додааст, ки нақши онҳо дар таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, омӯзиши таҷрибаи қонунэҷодкунӣ ва таҳияи қонунҳои намунавӣ муассир арзёбӣ мегардад.








Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд






