Паси радиои созмони террористии «Давлати исломӣ» дар шарқи Афғонистон, киҳо буданд?
Душанбе, 06.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Чор рӯз пеш аз харобгардии истгоҳи радиои гурӯҳи ифротии ба ном «Давлати исломӣ» дар шарқи Афғонистон ин савол матраҳ гардидааст, ки киҳо паси саҳнаи фаъолияти ин радио буданд?
Ин радио, ки эъломияҳои «Давлати исломӣ»-ро зидди давлат ва гурӯҳи «Толибон» пахш мекард ва ба гуфтаи сокинони музофоти Нангарҳор духтаронро ба ҷиҳод даъват менамуд, кормандони зиёд дошт, ки аксарияташон шинохта набуданд.
Хабарнигорони маҳаллии музофоти Нангарҳори Афғонистон ба «Би-Би-Си» иттилоъ додаанд, ки яке аз афроди дар фаъолияти ин радио нақши умда дошта, хабарнигори шинохта дар ин музофот будааст.
Дар шаҳри Ҷалолобод маркази Нангарҳор наздик ба 20 истгоҳҳои радио FM бо иҷозати расмии давлатӣ амал мекунанд, аммо шунавандагон ин радиоҳо ва ҳатто кормандонашон ҳангоми шунидани садои радиои ноошно (ношинос) бо мавҷҳои қавитар ҳайрон мондаанд.
Радиои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» бо номи «Радиои хилофат» се моҳ қабл дар минтақаи Ачини Нангарҳор ба фаъолият оғоз карда буд. Барномаҳои он аслан ба забони пашту ва гоҳо форсӣ бо муҳтавои динӣ пахш мегардиданд. Вақте садои як хабарнигоре, ки дар расонаи маҳаллии шаҳри Ҷалолобод кор мекард, тариқи ин радио пахш гардид, бисёриҳо бовар надоштанд, ки ӯ барои ин радио кор мекунад. Аммо ба гуфтаи собиқ ҳамкоронаш, ин хабарнигор воқеан барои радиои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» кор мекардааст. Ӯ дар студияҳои радиои замонавии шаҳр омӯзиш гирифта, солҳои гузашта дар ҳадди ақал панҷ радиои маҳаллӣ фаъолона кор кард ва ниҳоят садояш аз радиои «Давлати исломӣ» шунида шуд.
Ҳамкорони собиқаш мегӯянд, ки ӯ ифротгаро набуд ва борҳо дар таҳия ва иҷрои барномаҳои омӯзишӣ бо ҳадафи дифоъ аз ҳуқуқи занон кор карда буд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






