Паём ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқист
Душанбе, 09.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-9 феврал дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар бо иштироки судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ ва донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласеи васеъ баргузор гардид.
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Маҳкам Маҳмудзода гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсиву ҳуқуқӣ муқарраркунандаи афзалият ва самту шартҳои ташаккулу пешрафти давлату ҷомеа маҳсуб шуда, дар асоси он равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию идеологӣ бо суръат амалӣ мешаванд.
Дар асоси ҳадафҳои дар Паём гузошташуда сиёсати давлатӣ ва фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ барои муайян кардани роҳҳои ҳалли масоили калидии ҳаёти ҷомеа, паст кардани таъсири омилҳои беруна, алалхусус таъсири бӯҳрони молиявӣ ба иқтисодӣ миллӣ ва таъмини амалишавии мақсадҳои давлати иҷтимоӣ, яъне шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат равона мешавад.
Дар Паёми Сарвари давлат, таъсири дигаргуниву таҳаввулоти ҷаҳони муосир ба низоми идораи пазируфташуда ва маъмули сиёсати ҷаҳонӣ, ки бинобар шиддат ёфтани рақобати геополитикӣ ва геостратегии қудратхоҳони ҷаҳон ва ҳамчунин бархурди манофеи абарқудратҳо мушоҳида мегардад, мавриди таҳлил қарор дода шуда, самти афзалиятноки сиёсати хориҷии давлат бо назардошти эҳтироми принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян мешавад.
Оид ба мазмуну муҳтавои Паёми Роҳбари давлат ба Парлумон судяи Суди конститутсионӣ Д. Ҳошимзода ва сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионӣ Г.Нурляминзода сухан намуданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






