Паём қутбнамои мост!
Душанбе, 27.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ бо иштироки фаъолону намояндагони кумитаҳои маҳалла ва деҳаҳои ноҳия дар мавзӯъҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ», «Паёми Пешвои миллат — қутбнамои мост» ва «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ин талаботи замон аст» мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуфар Исмоилзода ва гурӯҳҳои тарғиботӣ баргузор шуд.
Зуфар Исмоилзода дар симои иштирокдорон ба кулли мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ғончӣ миннатдории намояндагони халқро расонида, хусусан барои иштироки фаъолона дар интихоботи соли 2015, барои меҳнати покдилона, ҷонибдории ҳаматарафаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои намунавию беҳтарини диёр сухан гуфт. Вакили мардумӣ дар атрофи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ҳарф зада, бо далелу рақамҳо аз пешравии иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат, рушду тараққиёти босуботу муназзами тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мисолҳо оварда, нақшаю ҳадафҳои роҳбарияти олии кишварро барои соли 2016 бори дигар хотирнишон намуд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат», Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар ҳаёти ҷавонон басо муҳим ва саривақтӣ буда, чунин зуҳуроти сиёсиву таърихиро барои пешравии минбаъдаи ҷавонон дар тамоми соҳаҳо фароҳамоварандаи имконоти мусоиду самарабахш эътироф карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






