Паёми Пешвои миллат — ҳидояти нек ба мардуми тоҷик
Душанбе, 17.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кўлоб дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб ва гурӯҳи фаврии раёсати Кумитаи амнияти давлатии миллии шаҳри Кўлоб дар мавзўи «Паём ва ҳидоятҳои Пешвои миллат ба халқи тоҷик вобаста ба хатарҳои ҷаҳонии терроризм ва экстремизм» дар толори қасри фарҳангии шаҳри Кўлоб бо иштироки беш аз 500 нафар чорабинӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинии мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло зикр кард, ки яке аз мушкилоте, ки имрўз мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, ин пайдо шудани гурӯҳҳои ифротӣ ва шомил шудани ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳо мебошад. Терроризм ва экстремизм дар Паёми Пешвои миллат хамчун вабои асри нав ва мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ баён гардид. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳар яки мо бояд бар зидди ин хатари ҷаҳонӣ мубориза бурда, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намоем.
Дар чорабинӣ ховаршинос Зафари Мирзоён изҳор кард, ки маҳз бо азму талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан нисбат ба ояндаи халқу миллат ғамхориҳо сурат гирифта истодааст, чунки ҷанги хонумонсўзе, ки дар мамлакати мо сар зад, дар он садҳо ҷавонон ҷони худро аз даст доданд. Хушбахтона, дар мудати кӯтоҳ Пешвои миллат тавонист, ки сулҳу ваҳдатро пойдор ва мардуми парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ намояд.
Ҳамзамон рӯҳонӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ва раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Раҳмонзода Абдулло махсус таъкид сохтанд, ки омўзиши Паёми Пешвои миллат моро ба роҳи созандагиву ободонӣ ва саодатмандиву хушбахтӣ ҳидоят месозад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






