Пешгирии бемориҳои сироятӣ дар Роғун
Душанбе, 08.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- «Хушбахтона, соли 2015 дар шаҳри Роғун бемориҳои хавфнок, аз ҷумлаи ҳорӣ, сӯхтанӣ, фалаҷ ва тоун ба қайд гирифта нашудааст»,-гуфт роҳбари Маркази назорати давлатии санитарӣ- эпидемиологии шаҳри Роғун Суннатулло Ятимов.
Ба гуфтаи Суннатулло соли сипаришуда ҳамагӣ 6 нафар ба бемории зардпарвини «А» гирифтор шудаанд. Маркази назорати давлатии санитарӣ- эпидемиологии шаҳри Роғун дар соли 2015 барои пешгирии бемории ҷоғар аз мағозаҳои хӯроквории шаҳр ба миқдори 330 кг намакҳои пастсифати бе ёдро дарёфт карда, аз муомилот гирифт. Инчунин соли гузашта маркази мазкур дар байни кӯдакони аз 5 то 14- солаи шаҳр ду маротиба барои пешгирии бемории кирм, маъракаи бекирмгардонӣ баргузор намуд, ки дар он ба 14 ҳазору 643 кӯдак ба таври ройгон доруи албендазол дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






