Пешниҳоди Президентро Парлумон тасдиқ кард
Душанбе, 03.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Бахтиёр Худоёрзода, ки қаблан дар вазифаи роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар фаъолият дошт, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар ин росто 3 феврал вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бахтиёр Худоёрзода тасдиқ карданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров зимни муаррифии раиси нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар дар назди вакилон гуфт, Бахтиёр Худоёрзода дар тамоми вазифаҳо бо масъулияти баланд ва виҷдони пок кор кардааст. Бахтиёр Худоёрзода фаъолияти худро аз вазифаи муфаттиш оғоз карда, то ба имрӯз дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, ба мисли раиси Суди олии иқтисодии кишвар, вазири адлия, роҳбари Дастгоҳи Президенти кишвар фаъолият намудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






