«Пешоҳанг» дар меҳмонии сокинони ҷамоати деҳоти «Рарз»-и ноҳияи Айнӣ
Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг», Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ ва ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» дар Муассисаи таҳсилоти умумии №3-и ҷамоати деҳоти «Рарз»-и ноҳияи Айнӣ бо иштироки хонандагон ва сокинони ҷамоати мазкур вохӯрӣ доир гардид. Зимни вохӯрӣ намояндагони гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг», Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ ва ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» доир ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омӯхтани илму дониш ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз қабили пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози андеша намуданд.
Хонандагони Муассисаи таҳсилоти умумии №3 ва сокинони меҳнатқарини ҷамоати деҳоти «Рарз»-и ноҳияи мазкур изҳор карданд, ки аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, онро сармашқи фаъолияти худ хоҳанд намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






