Подшоҳи Арабистони Саудӣ дар суҳбат бо Путин аз созиш оид ба Сурия пазироӣ кард
Душанбе, 24.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин имрӯз бо Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд суҳбати телефонӣ намуд, ки дар ҷараёни он «моҳияти пешниҳодоти дар изҳороти якҷояи Русия ва ИМА оид ба танзим дар Сурия ироашударо муфассал шарҳ дод». Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Русия иттилоъ дод.
«Подшоҳи Арабистони Саудӣ аз созиши бадастомада пазироӣ карда, омодагиро ба ҳамкории якҷоя бо Русия барои татбиқи он изҳор дошт», — таъкид менамояд хадамоти матбуоти Президенти ФР.
Ҳамчунин имрӯз Президенти Русия Владимир Путин бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод.
«Таваҷҷуҳи асосӣ ба мушкилоти Сурия, аз ҷумла муҳокимаи ибтикорот ва пешниҳодоти дар изҳороти якҷояи Русияву ИМА диор ба қатъи амалиёти ҳарбӣ дар Сурия дарҷгардида равона шуд», — омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуоти Кремл.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Президенти Русия Владимир Путин бо Президенти Сурия Башор Асад низ суҳбати телефонӣ анҷом дода буд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






