Покистон: Дар натиҷаи таркиши мошини гази моеъдор 15 нафар ба ҳалокат расид
Душанбе, 11.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба иттилои ВАО-и Покистон, дар музофоти Панҷоби ин кишвар мошини гази моеъдор бо мошини дигаре бархӯрд, ки дар натиҷа таркиш рух дод. Бар асари ин таркиш на кам аз 15 нафар, аз ҷумла 10 толибилм қурбон шуда, 20 каси дигар маҷрӯҳ гардиданд.
Ба гуфтаи шоҳидон, ронандаи мошини гази моеъдор дар туман назоратро аз даст дода, ба мошини дигар бархӯрдааст.
Тибқи маълумоти ба даст омада, пас аз бархӯрд оташ сар зада, алангаи он ду мошин ва як рикша (аробаи одамкашон)-ро, ки толибилмонро ба мактаб мебурд, ба доми худ кашид. Ин садама ба талафоти зиёди ҷонӣ оварда расонд. Ҳоло сӯхтор хомӯш карда шудааст. Наҷотдиҳандагон ҷароҳатбардоштагон ва фавтидагонро ба беморхонаи маҳаллӣ бурдаанд.
Миёни қурбониён занон ва кӯдакон низ ҳастанд. Вазъи баъзе аз захмишудагон вазнин арзёбӣ мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






