Полиси Аврупо: ҳазорон ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба Иттиҳоди Аврупо баргаштаанд
Душанбе, 25.02.2016. (АМИТ «Ховар»). Директори полиси Аврупо Роб Уэйнрайт муътақид бар он аст, ки ҳазорон ҷангиёни дар Шарқи Наздик омодагии ҷангӣ гирифта ба Аврупо баргаштаанд.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ният дорад, ки дар Аврупо, аз ҷумла дар Фаронса ҳамлаи террористии нав содир кунад. Хадамоти амнияти Аврупо дар ҳолати баланди омодагӣ қарор дошта, ба шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҳамлаҳои террористии эҳтимолӣ ҳушдор медиҳанд.
«Қариб 5000 террористи гурӯҳи ифротии ба ном «Давлати исломӣ», ки дар Сурия ва Ироқ таҷрибаи ҷангӣ гирифтаанд, ба Аврупо баргаштанд. Имрӯз сатҳи таҳдиди террористӣ дар Аврупо дар давоми даҳ соли охир баландтарин ба шумор меравад», — изҳор дошт директори полиси Аврупо.
Собиқ корманди консулгарии ИМА дар Арабистони Саудӣ Майкл Спрингман бар он назар аст, ки Иттиҳоди Аврупо теъдоди зиёди муҳоҷиронеро, ки сарҳади онро убур мекунанд, бо диққат тафтиш намекунад.
«Бояд ба амали мақомоти кишварҳои Аврупо назар кард: онҳо ба тарҷумаи ҳоли воридшавандагон хуб диққат намедиҳанд, умуман агар онро тафтиш кунанд. Ҳатто он касонеро, ки дар фаъолияти террористӣ даст доштаанд, ба Аврупо ва Амрико роҳ медиҳанд», — гуфт М. Спрингман.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






