Рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон гарм хоҳанд буд

Февраль 26, 2016 16:40

Душанбе, 26.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 26 феврал дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои соф дар назар аст. Рӯзона ҳарорати ҳаво +18 +20 дараҷа гарм шуда, шамоли суст мевазад. Фишор каме баланд мешавад. Шабона ҳавои соф дар назар буда, ҳарорати ҳаво +5+7 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Бино ба иттилои Муассисаи боду ҳавосанҷии Тоҷикистон рӯзҳои 27 ва 28 феврал ҳавои соф ва офтобӣ дар назар буда, бориш намешавад. Шабона ҳарорати ҳаво +5 +7 дараҷа, рӯзона +17 +19 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона +5 +7дараҷа, рӯзона +17+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона +5+7дараҷа, рӯзона +16 +17 дараҷа гарм хоҳад буд.
Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона +3+5 дараҷа ва рӯзона +13 +15 гарм мешавад.
Дар ғарби ВМКБ ҳарорати ҳаво шабона +2 +3 дараҷа ва рӯзона +7+9 дараҷа гарм, дар шарқи ВМКБ шабона +3 +5 дараҷа, рӯзона +11 +13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво шабона +5 +7 дараҷа, рӯзона +17 +19 дараҷа гарм хоҳад буд.

Февраль 26, 2016 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд