Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм
Душанбе, 12.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм”ҷаласаи илмӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 11-уми феврал “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм” эълон карда шуд.
Президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳамаи занон ва духтаронеро, ки илмро пешаи худ намудаанд, табрик гуфта, ба ҳамаи олимаҳои Академияи илмҳо дар пешрафти корашон бурдбориҳо орзу намуд.
Ноиби президенти АИ ҶТ, раиси шуъбаи илмҳои биология ва тиб, академик М. Яқубова дар мавзӯи “Саҳми занон-олимаҳо дар рушди устувори ҷомеа” сухан ронда, аз таваҷҷуҳи бемайлони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бонувони олима изҳори ақида намуда, ҳамаи бонувонро даъват кард, ки нисбат ба сарнавишти худ ва давлату меҳан бетараф набошанд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, доктори илмҳои педагогика Қосимзода Идигул Тағо ҳозиринро бо “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм” табрик гуфта, оид ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мавқеи занон дар ҷомеа ибрози андеша намуд. Номбурда изҳор дошт, ки дар рушди илми муосири тоҷик фаъолияти илмии занон ва духтарон, ба хусус олимаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст.








Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд






