Раванди афзоиши қарзҳои дарозмуддат идома дорад
Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки аз маълумоти ҷамъбастии бонкӣ бармеояд, дар моҳи январи соли равон, ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,8 фоиз афзуда, 12 061 млн. сомониро ташкил намуд. Аз ин маблағ 4 932,9 млн. сомонӣ ё 40,9 фоизро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 7 128,1 млн. сомонӣ ё 59,1 фоизро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, ҳаҷми қарзҳои додашуда назар ба аввали моҳи соли қаблӣ 631 млн. сомонӣ афзуд.
Тибқи маълумоти оморӣ фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар моҳи январи соли равон бо пули миллӣ 24,70 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 20,19 фоизи солонаро ташкил намуд. Фоизи қарзҳои бо асъори хориҷӣ додашуда нисбат ба моҳи январи соли гузашта 3,5 банди фоизӣ паст шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳи январ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 7,5 фоиз зиёд шудааст. Аз ҷумла, 91 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки афзоиши он нисбат ба январи соли гузашта 2,7 фоизро ташкил медиҳад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






