РРМГ бо розигии Президент таъйин мегарданд
Душанбе, 16.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси гумруки Ҷумҳури Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи тағйирот ба қисми 1-и моддаи 492-и Кодекси мазкур минбаъд роҳбарони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ (РРМГ) бо розигии Президенти кишвар ба вазифа таъйин карда мешаванд. Тоҳир Ҷобирзода -вакили Маҷлиси намояндагон зимни шарҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди вакилони Парлумон гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо таҳия шудааст. Тибқи ин тағйирот талаботи моддаи 4 -и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонида шуда, моддаи 4 дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.
Т. Ҷобирзода афзуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ, моддаи 148 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешниҳод гардида, мутобиқи он мақомоти гумрук тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатномаи мутахассиси барасмиятдарории гумрукиро муайян менамояд. Моддаи пешниҳодгардида ба талаботи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (Киото), ки онро 1 октябри соли 2015 палатаи поёнии Парлумони кишвар ба тасвиб расонида буд, ҷавобгӯст.
Ҳамзамон бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо моддаи 360 -и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон -усули эҳтиётии муайян намудани арзиши гумрукӣ дар таҳрири нав таҳия гардид.
Инчунин барои муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар мақомоти гумрук ба моддаи 462 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 13 илова карда шуд.
Бо мақсади мутобиқ намудани талаботи Кодекси гумруки кишвар ба талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 394-и Кодекси гумрук қисми 8 ворид карда шуд, ки тибқи он мақомоти гумрук метавонад ба пардохткунанда дар муҳлати 5 сол аз рӯзи ба анҷом расидани баррасмиятдарории гумрукии мол оид ба пардохти маблағи боҷи гумрукӣ, андоз ва фоизҳо даъво пешниҳод кунад.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад






