Рушди энергетика дар партави Паём
Душанбе, 01.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Аз интишори Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вақти зиёде нагузашта бошад ҳам, вале дар саросари кишвар татбиқи нуктаҳои асосии ин ҳуҷҷати муҳим бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ идома дорад. Хабарҳое, ки ҳар рўз аз ҷамоаҳои меҳнатии ташкилоту идораҳо ва иншооти муҳими кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма ба табъ мерасанд, дар ин бора шаҳодат медиҳанд.
Масалан, дар Паёми имсола Сарвари давлат вазифа гузошт, ки соли равон соҳаи энергетика босуръат тараққӣ дода шавад, аз ҷумла объекти муҳим — маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2 бо иқтидори 300 мегаватт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Инчунин супориш дода шуд, ки корҳои муқаддамотӣ дар сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи КАСА — 1000 оғоз гардад. Хатти мазкур шабакаҳои барқии Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа пайваст намуда, имконияти содиротии мамлакатро афзун мегардонад.
Дар пайгирии ин супориши таъҷилӣ моҳи январи соли равон дар маркази барқу гармидиҳии пойтахт бо иштироки муовини сарвазир Азим Иброҳим ҷаласа баргузор гардида, дар он масъалаи тезонидани корҳои васлу сохтмон ва такмили технологии иншоот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, тасмим гирифта шуд, ки якҷоя бо мутахассисони чинӣ масъалаи ташкили интиқоли ангишт ба анборҳои иншоот тавассути роҳи танобии ҳавоӣ омўхта баромада шавад. Ин тадбири муҳими технологии аз лиҳози экологӣ безарар ва аз нигоҳи иқтисодӣ камхарҷу манфиатовар барои беҳбуди вазъи иқтисодии марказ мусоидат хоҳад намуд.
Ниҳодҳои ҷумҳуриявии идора ва мақомоти дипломатии мамлакат низ барои оғоз ва тавсеаи корҳо дар иншооти КАСА — 1000 гуфтугузорҳои судманд анҷом доданд. Мутобиқи нақшаи муайяншуда сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон моҳи май дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, барои оғози корҳои сохтмонии бунёди зеристгоҳҳои барқӣ ва хатти интиқоли барқи баландшиддат дар чор кишвар самтҳои фаъолияти тарафҳоро муайян менамояд.
Дар мавриди таъмини аҳолӣ бо неруи барқ низ пешравиҳо ба назар мерасанд — минтақаҳои маҳдудиятдошта ҳоло ҳар шабонарўз 13-соатӣ бо барқ таъмин шудаанд. Дар ояндаи наздик дар назар аст, ки минтақаҳои мазкур ба дараҷаи зарурӣ барқ мегиранд.
Ҳамзамон бо сармоягузорони дохиливу хориҷӣ барои омода намудани лоиҳаҳои нав, иҷрои корҳо дар неругоҳҳои хурду бузург ва навсозии неругоҳҳои мавҷуда корҳои муштарак идома доранд.
Бунёди иншооти энергетикӣ барои татбиқи яке аз мақсадҳои стратегии мамлакат — таъмини истиқлолияти энергетикӣ мусоидат менамояд. Иҷрои саривақтии ҳидоятҳои дар Паёми Сарвари давлат зикршуда имконияти мусоид фароҳам меоварад, ки ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо дастовезҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифта шавад ва кишвари азизи мо боз ҳам ободу зеботар ва шукуфотар гардад.
Ғ. Расулов,
Сардори раёсати тадқиқоти макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






