Сафари гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба Бадахшон

Февраль 2, 2016 12:01

Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ “Ховар”). — 31 январи соли равон гурӯҳи калони кории Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ барои расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сафарбар гардид.
Масъулин вохӯриҳои худро аз ноҳияи Дарвоз оғоз намуда, бо сарбозони қисмҳои ҳарбии 23441-и қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2711-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карданд.
Зимни вохӯрӣ бо сарбозон Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ оид ба муҳтавои Паём изҳор кард, ки Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи худ таъкид дошт:“Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар — Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.”
Ҳабибулло Амирбекзода дар идома афсарону сарбозонро ба дӯст доштани Ватан, эмин нигоҳ доштани сарҳади давлатӣ, содиқона хизмат намудан ба Ватан — модар даъват намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва китобҳои тозанашр тақдим намуд. Ҳамзамон дар доираи ин сафар гурӯҳи корӣ бо доираи васеи наврасону ҷавонони ноҳия вохӯрӣ анҷом дода, вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон, рушди имконоти онҳо, дастгириҳои иҷтимоии ҷавонон дар замони соҳибистиқлолии кишвар сухан гуфтанд.
Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар дигар шаҳру навоҳии ВМКБ идома дорад.

Февраль 2, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст