Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ
Душанбе,22.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дар мавзӯи «Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ дар шароити иқтисодиёти хурди кушодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси илмию назариявии ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, ректори ДМИТ Ашӯрбой Солеҳзода зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории конфронс дар асоси таҳлили назариявӣ ва амалии равандҳои маблағгузорию қарздиҳӣ ва таҷрибаи навгониҳои бозоргонӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва ҷараёни буҷетӣ асосёфта, мусоидат намудан ба беҳтаркунии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, дар ДМИТ айни замон Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «LOT:1 Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатии EuropeAid/134384/DH/SER/TJ» татбиқ мегардад, ки дар амалинамоии ҳадафҳои муҳими ислоҳот дар самти мукаммалнамоии идораи молияи давлатӣ ва низоми тайёркунӣ ва такмилдиҳии кадрҳои ин соҳа бо дастгирии кумаки техникии ИА мусоидат менамояд. Баргузории конфронс низ натиҷаи амали ин лоиҳа ба шумор меравад, гуфт мавсуф.
Дар конфронс намояндагон аз ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, макотиби олӣ ва коршиносону олимони соҳа иштирок ва маърӯзаҳо карданд. Аз ҷумла муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов дар бораи низоми бонкии ҷумҳурӣ дар шароити буҳрони молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ, қурби пули миллӣ, қатъ гардидани фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор, ташкилоти хурди қарзии басташуда, муаммоҳои дар низоми бонкӣ мавҷудбуда истода гузашт. Мавсуф аз ҷумла надоштани стратегияи ҷалби захираҳои даврозмуҳлат, ба бозомӯзӣ ҷалб нашудани мутахассисон, номукаммал будани низоми идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, сатҳи пасти риояи қоидаҳои қарздиҳиро муаммоҳои асосии низоми бонкӣ хонда, барои беҳтар кардани корҳо тавсияҳои судманд дод.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки нишондиҳандаи муҳими иқтисоди бозаргонӣ ин некуаҳволии халқ, субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ аст, ки ба устувории низоми молиявӣ ва муомилоти пулӣ асос меёбад. Норасоии захираҳои молиявӣ дар сатҳи давлат ва корхонаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки бӯҳрони иқтисодӣ ба вуҷуд омадааст. Барои аз ин бӯҳрон баромадан чораҳои солимгардонии вазъи молиявии давлатӣ зарур аст. Аз ин лиҳоз, молия фишанги асосии танзимкунандаи давлатии иқтисодиёт шинохта шудааст. Идоракунӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар иқтисодиёти бозорӣ масъулияти хизматчиёни давлатиро афзун намуда, дар доираи молия ва баҳогузорӣ ташкил ва истифодабарии самараноки молияи давлатиро талаб мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






