Ш. Салимзода: «Хизмати софдилонаю содиқона дар мадди аввал аст»
Душанбе, 24.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- «Тӯли ин солҳо барои Артиши миллии Тоҷикистон давраи талошу кӯшишҳо, ранҷу заҳмат ва ҷоннисориҳо барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои дерин буд. Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он артише, ки дорои техникаву таҷҳизоти номукаммал буд, имрӯз ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки соҳиби техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассисони баландпояи ҳарбӣ мебошад»,-чунин иброз намуд Шерхон Салимзода, роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар зимни чорабиние бахшида ба рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шерхон Салимзода ҳайати шахсиро бо ин санаи фархунда табрик карда, ҳайати шахсиро ба хизмати софдилонаю содиқона даъват намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиро дар мадди аввал гузошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






