Шарҳи Паём аз ҷониби Шукурҷон Зуҳуров дар Ҷиргатол
Душанбе, 22.02.2016. (АМИТ Ховар). -Имрӯзҳо ҷиҳати ташреҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияту зарурати тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгашта дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар мулоқоти гурӯҳҳои корӣ ба сокинон бомаром идома дорад.
Дар мулоқоте, ки 21 феврали соли равон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол баргузор гардид, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, дар мавриди се самти асосии стратегияи миллӣ- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ сухан ронд. Мавсуф афзуд, ки дар амал татбиқ гардидани се ҳадафи миллӣ имкон фароҳам меорад, то зиндагии мардум ва вазъи иқтисодии кишвар беҳтару хубтар шавад. Ноҳияи Ҷиргатол, ки дар парвариши картошка яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад, дар мавриди босамар истифода бурдани заминҳо деҳқонони ин навоҳӣ метавонанд, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, содироти онро берун аз кишвар хубтар ба роҳ монанд, иброз намуд Шукурҷон Зуҳуров.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар мулоқот ҳамчунин тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки тағйиру иловаҳои пешбинигашта ба таҳкими равандҳои демократикунонӣ, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеа нигаронида шудаанд.








Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид






