Шарҳи Паёми Пешвои миллат дар ДМТ
Душанбе, 12.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) барои шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.
Ректори ДМТ Имомзода Маҳмадюсуф иштирокдоронро бо фарорасии иди артиши миллӣ табрик намуда, зикр кард, ки: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ доир ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Аз ҷумла, баландшавии маоши кормандони соҳаи мазкурро, ки як бахши кормандони соҳаи буҷавии кишвар мебошад, яке аз нуқтаҳои муҳими Паём хонд».
Директори Институти такмили ихтисоси муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдухалил Ғафуров дар мавзӯи «Нақши Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ» сухан гуфта, яке аз паҳлӯҳои Паёми Пешвои миллатро: баланд бардоштани рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ҳувияти миллӣ, ифтихор аз ватандорию садоқат ба Ватан, пуштибонии сулҳу амонӣ ва тинҷию оромӣ дар ҷомеа донист.
Мудири кафедраи баҳисобгирии иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Қобилҷон Барфиев самтҳои иқтисодии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро шарҳ дода, зикр намуд, ки амалӣ гардонидани ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат аз ҷидду ҷаҳди устодон, кормандон ва донишҷӯёни ин даргоҳи иму адаб вобаста буда, бояд ҳар яки мо онро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳем.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






