Шарҳи Паёми Пешвои миллат ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар Суғд
Душанбе, 24.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо мақсади шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳои вакилони МН МО ҶТ ва гурӯҳҳои тарғиботӣ бо аҳолӣ идома доранд.
Тавре ки аз маркази матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, 17-18 феврал дар бинои мақомоти иҷроияи ноҳия ва ҷамоати шаҳраки Зафаробод гурӯҳи корӣ бо сокинон мулоқотҳо анҷом дода, нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро шарҳу тавзеҳ доданд.
Имрӯз, 24 феврал гурӯҳи корӣ дар ҳайати Аҳмадҷон Қобилов, вакили МН МО ҶТ, Қаҳҳор Ойматов, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Рустам Раҳматзода, муовини аввали раиси вилоят бо сокинони ҷамоати деҳоти Ҷомӣ ва ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод мулоқот доир мекунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






