Шумораи беморони нашъаманд дар Тоҷикистон ба 7 ҳазор нафар расид
Душанбе, 05.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи беморони мубталои нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ 7 ҳазору 313 нафар буда, аз онҳо 189 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Дар муқоиса ба соли 2014 нишондиҳандаи шумораи умумии нашъамандон дар соли 2015 0,46% афзуд. Дар ин бора директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Соли гузашта 6 ҷаласаи Комиссияи иҷозатномадиҳӣ оид ба гардиши прекурсорҳо баргузор гардида, 10 иҷозатнома ва 6 шаҳодатнома барои ворид намудани прекурсорҳо дода шуд, зикр гардид дар нишаст. Бо мақсади таъмини назорат аз болои муомилоти прекурсорҳо 117 санҷиш гузаронида шуд, ки дар натиҷа 7 санад барои бартарафсозии камбудиҳо равона гардид.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






