Шумораи кормандони кироя 1,1 фоиз зиёд шуд
Душанбе, 6.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Шумораи дар рўйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи ноябри соли 2015 нисбат ба моҳи ноябри соли 2014-ум 1,1 фоиз зиёд шуда, 1101,3 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Шумораи бекорони дар агентиҳои меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмӣ ба қайд гирифташуда дар охири моҳи ноябри соли 2015-ум 57,1 ҳазор нафарро ташкил карда, нисбат ба моҳи октябри соли 2015-ум 1,5 фоиз кам шудааст. Аз ҷумлаи бекорони ба қайд гирифташуда занон 54,8 фоиз (31,3 ҳазор нафар)-ро ташкил медиҳад. Сатҳи бекории расмӣ ба қайд гирифташуда нисбат ба шумораи қувваҳои корӣ 2,5 фоизро ташкил кардааст.
Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохта шуд, дар моҳи ноябри соли 2015-ум ба андозаи 920,97 сомонӣ буд ва нисбат ба моҳи октябри соли 2015 –ум 5,4 фоиз ва нисбат ба моҳи ноябри соли 2014-ум 8,1 фоиз зиёд шудааст.
Дараҷаи музди ҳақиқии меҳнат (бо назардошти тағйироти индекси нархҳо) дар моҳи ноябри соли 2015 нисбат ба моҳи октябри соли 2015- ум 4,8 фоиз ва нисбат ба моҳи ноябри соли 2014-ум 2,7 фоиз зиёд шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






