Шўрои адлия озмуни «Мақолаи беҳтарин»-ро эълон намуд
Душанбе, 15.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Мақолаи беҳтарин»-ро эълон намуд. Дар озмун судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, кормандони дастгоҳи Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он иштирок менамоянд. Барои баҳодиҳии мақолаҳо комиссияи озмун таъсис дода мешавад. Ҳайат ва шумораи аъзои комиссияи озмун аз ҷониби раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад. Ҷаласаи комиссия озмунро гузаронида, натиҷаи онро ба раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд. Мақолаҳо барои иштирок дар озмун то 1 августи соли 2016 аз ҷониби комиссия қабул мешаванд ва дар шакли холгузорӣ аз ҷониби аъзои комиссия баҳогузорӣ мешаванд.
Ғолиби озмун аз рўи ҷамъи холҳои бадастовардаи довталабон бо қарори комиссияи озмун муайян мешаванд.
Аз рўи натиҷаи озмун ғолибон муқаррар гардида, ба таври зерин дар шароити тантанавӣ ҳавасманд карда мешаванд: ҷоизаи олии «Мақолаи беҳтарин», Дипломи дараҷаи олӣ, 2000 сомонӣ мукофотпулӣ; ҷойи якум — 1000 сомонӣ мукофотпулӣ ва Дипломи дараҷаи 1; ҷойи дуюм — 700 сомонӣ мукофотпулӣ ва Дипломи дараҷаи 2; ҷойи сеюм — 400 сомонӣ мукофотпулӣ ва Дипломи дараҷаи 3.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






