Эмомалӣ Раҳмон: «Содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Русия 3 баробар афзун карда шавад”

Февраль 25, 2016 14:06

Душанбе, 25.02.2016. (АМИТ “Ховар”). — “Содироти меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон ба Федератсияи Русия худи ҳамин сол 1,5 баробар ва то соли оянда 3 баробар афзун карда шавад”!

Ин яке аз супоришҳои меҳварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тайи ду сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳисор дирӯзу имрӯз ба масъулини соҳа дода шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки “имрӯз муҳимтарин шарики стратегии мо – Федератсияи Русия ба афзун гардидани воридоти меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон  манфиатдор аст ва ин ба манфиати мо низ ҳаст”.

Чунонки иттилоъ дода шуд, ҳоло олимону мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон ва ҳам соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёни худ аз Федератсия Русия, пеш аз ҳама аз канораи Краснодари ин кишвари паҳновар ҳамкории пурсамар ба роҳ мондаанд.

Чунонки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, заминаи зарурӣ барои афзун намудани истеҳсоли меваю сабзавот ва содироти он ба хориҷи кишвар муҳайё аст, зеро тайи солҳои охир бо амалӣ намудани чанд барномаи давлатӣ дар майдони беш аз 75 ҳазор га боғу токзори нав бунёд ёфт. Ғайр аз ин, дар доираи татбиқи барномаи нави ин соҳа, ки барои солҳои 2016-2020 қабул шуд, дар майдони беш аз 20 ҳазор гектари дигар боғу токзори нав бунёд меёбанд. Дар аксари ин боғу токзор ниҳолҳои навъҳои содиротӣ, ки меваи онҳо дар хориҷи кишвар харидорони бешумор доранд, парвариш меёбанд.

Ҳамин гуна нақшаҳои калонмиқёс дар бахши сабзавоткорӣ, аз ҷумла парвариши сабзавоти барвақтӣ, амалӣ мешаванд. Ин аст, ки имсол танҳо пиёзи барвақтӣ бояд дар ҳаҷми беш аз 200 ҳазор тонна аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия содир карда шавад.

Бино ба таъкидҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бахшҳои боғутокпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар Тоҷикистон ояндаи басо наку дорад, зеро талабот ба меваю сабзавоти хушлаззати мо дар хориҷи кишвар хеле зиёд аст ва сол ба сол бозорҳои нав ба нав дар минтақа ва ҷаҳон дарҳои худро ба рӯйи деҳқонону боғпарварони тоҷик боз мекунанд.

 

 

 

 

Февраль 25, 2016 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид