«Созандагони Ватан» дар тарғиби бандҳои Паёми Пешвои миллат фаъоланд
Душанбе, 10.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Имрўз, 10- уми феврали соли равон дар қӯшунҳои хушкигарди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони масъули ҲХДТ, аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дигар ниҳодҳои марбутаи Вазорати мудофиаи кишвар оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиш доир гардид.
Ширкаткунандагон оид ба нуктаҳои муҳими Паём ёдовар шуда, иброз доштанд, ки дар Паём Сарвари давлат бештар ба ҳифзи марзу буми кишвар, оромиву субот дар ҷомеа, таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон, бархӯрди тамаддунҳо, ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои ба ном исломӣ таъкидҳо намуданд.
Дар идомаи ҳамоиш оид ба саҳми афсарону сарбозони қӯшунҳои хушкигард дар таъмини амнияти якпорчагии кишвар ёдоварӣ гардида, бо бовари зиёд зикр шуд, ки барои ҳимояи марзу буми кишвар дар марҳилаи бисёр ҳассоси имрўза зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар давоми ҳафта дар дигар қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба нақша гирифта шудааст.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






