Суҳбати кушод бо сокинони шаҳри Норак
Душанбе, 10.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак мулоқоти роҳбарияти кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, забон ва истилоҳот, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ бо сокинони шаҳр доир гардид.
Дар мулқот бештар аз 500 нафар, аз ҷумла занону ҷавонони шаҳр иштирок намуданд. Роҳбарияти кумитаҳо оид ба баъзе мушкилоти сокинон суҳбати кушод анҷом дода, аз ҷумла ба ҳодисаи ба худкушӣ даст задани як тан сокини ҳамин шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир карда, доир ба мавзуъҳои пешгирии занону ҷавонон аз даст задан ба омилҳои номатлуб, ба монанди худкушӣ, ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ пайваст гардидани баъзе аз ҷавонон, никоҳи бармаҳал, вайроншавии оилаҳои ҷавон ва дигар мушкилоти ҷомеа андешаронӣ карданд.
Намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ таъкид кард, ки аз нуқтаи назари дини Ислом худкушӣ гуноҳ ҳисоб меёбад.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба баъзе мушкилоти ҷавонон изҳор намуд, ки марҳила ба марҳила тамоми шароитҳо барои ҷавонон муҳайё гардида, бобати таъмини онҳо бо ҷойи кор тадбирҳо андешида мешаванд. Масъулин ба хонаи марҳум рафта, арзи тасаллияти худро ба аҳли хонадони онҳо расониданд.
Дар назар аст ин гуна силсиламулоқот дар дигар ҷамоату маҳаллаҳои шаҳр доир шаванд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






