Суди Хатлон: Оғози мурофиаи судӣ нисбат ба 13 сокини Норак бо гумони ҳамкорӣ бо «Давлати исломӣ»
Душанбе, 08.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Суди вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ, ки нисбат ба 13 сокини шаҳри Норак бо иттиҳоми овехтани парчами гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» боз гардидааст, шуруъ намуд.
Бояд ёдовар шуд, моҳи августи соли гузашта аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 13 сокини шаҳри Норак бо гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи «Давлати исломӣ» дастгир шуданд, ки баъзеи онҳо узви ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ буда, яке аз онҳо роҳбарии бахши ин ҳизбро дар Норак ба зимма доштааст.
Ба иттилои Темур Бойзода, муовини раиси Суди вилояти Хатлон, нисбат ба 13 нафар дар асоси банди 307, қисми 2 ва 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон- даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, даъват ба фаъолиятҳои тундгароёна ва моддаи 187, қисми 2 — таъсиси иттиҳодияҳои ҷиноӣ айбдор дониста шудаанд. Намояндагони ин гурӯҳ тавассути интернет бо Юнус ном шаҳрванди Тоҷикистон дар Туркия ошно шуда, барои баёни садоқаташон ба ӯ ва ҳамроҳонаш дар гурӯҳи «Давлати исломӣ» парчами сиёҳро дар даромадгоҳи Норак овезон намудаанд. Д. Саидов, яке аз боздоштшудаҳо, мегӯяд, ки Юнус таъкид кардаст, ки аз Душанбе матои рангаш сиёҳу сафед харид намуда, дар даромадгоҳи шаҳри Норак парчамро овезон намуда, ҳатман акс гирифта, ба ӯ фиристем.
-Ин гурӯҳи парчамбардорон нахустин афроде нестанд, ки бо ҷурми овезон намудани парчами «Давлати исломӣ» боздошт шудаанд.
Суди вилояти Хатлон чанде пеш 7 сокини ноҳияи Шаҳритусро, ки парчами сиёҳро дар маркази ноҳия, ба болои муҷассамаи Исмоили Сомонӣ овезон намудаанд, вобаста ба кирдорҳои содиркардаашон аз 7 то 27 сол равонаи маҳбас намуд, — зикр намуд Темур Бойзода, муовини раиси суди вилоят.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






