Суди конститутсионии ҶТ лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия мутобиқ донист
Душанбе, 04.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Имрўз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаматарафа мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзёбӣ кардааст.
Конститутсия манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро шарти асосӣ ва бақои давлату миллат арзёбӣ менамояд. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ барои мустақилияти сиёсию иқтисодӣ, пешбурди сиёсати сулҳҷўёна, боло рафтани эътибори давлату миллат дар муносибатҳои байналмилалӣ ва таъмини суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ба марҳалаи имрўзаи рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа мувофиқ буда, онҳо ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳр-вандон, дар навбати аввал ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ равона гардидаанд. Онҳо ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки мақсад ва мазмуни фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро ташкил дода, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд, тақвият бахшида, дар маҷмўъ ба таҳкими амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.
Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар маҷмўъ, арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти ҳифзи ҳуқуқии шахс, фарогири идомаи ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию судӣ дар мамлакат мебошанд. Онҳо ба мукаммал намудани меъёрҳои Конститутсия равона гардида, ба амалия ва таҷрибаи ҷаҳонии ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва ба арзишҳо ва принсипҳои асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошанд.
Бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба ном ва матн, моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон воридшавандаро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ донист.








Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд






