Тақдими бинои беҳдоштию санитарӣ ба баталйони сулҳҷӯёнаи қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа
Душанбе, 09.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Маросими тақдими бинои навбунёди беҳдоштию санитарӣ аз ҷониби Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ба баталйони сулҳҷӯёнаи қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Иншооти мазкур бо мақсади тамрин ва омодагии аскарони баталйон барои хизмати минбаъдаашон дар вазифаи дастгирии амалиёти сулҳовари Созмони Миллали Муттаҳид сохта шудааст. Лоиҳаи мазкур ба маблағи умумии 250 ҳазор доллари ИМА аз кумаки бебозгашт барои мусоидат дар таъмини амният дар доираи Ташаббуси умумиҷаҳонии амалиёти сулҳҷӯёнаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида (GPOI) маблағгузорӣ шудааст.
Аз соли молиявии 2009 дар доираи GPOI ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба ҳаҷми 6,6 миллион доллари ИМА кумак расонида шуд ва маблағгузории миёнаи солона тақрибан ба 825 ҳазор доллари ИМА баробар аст. Дар доираи ин кумак давраҳои омӯзишӣ ва машқҳои мухталиф гузаронида шуда, таҷҳизот ва кумак барои рушди инфрасохтор, кумак барои таъсиси синфи омӯхтани забони англисӣ дар баталйони сулҳҷӯёна дастрас шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






