Тағйирот ба Қонуни асосӣ- тақозои замон
Душанбе, 17.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Вобаста ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, 16 феврал дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, дар чорабинӣ Субҳиддин Баҳриддинзода — муовини аввали директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Рустам Қудратов, Лутфия Раҷабова ва Насиба Содиқова иштирок намуданд.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода зикр намуд, ки дар ҳар як кишваре, ки рушд мекунад, зарурати дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия барои он амри воқеӣ мегардад, ки замона тақозо дорад, то меъёрҳои Қонуни асосӣ пайваста такмил дода шаванд.
Муовини аввали Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Баҳриддинзода ва вакили мардумӣ Насиба Содиқова дар бораи паҳлӯҳои асосии тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда маълумоти мушаххас доданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ин тағйиру иловаҳо барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи ҳифзи онҳо нигаронида шудаанд. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ ин бо ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Зикр гардид, ки бештари тағйиру иловаҳо хусусияти таҳрири забонӣ доранд, зеро бо назардошти рушди забони давлатӣ ва қоидаи имлои забони тоҷикӣ баъзе истилоҳу ибораҳо иваз ва мукаммал карда шуданд.
Дар вохӯрӣ тамоми ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






