Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия-кафолати умеди дурахшон барои ҷавонон
Душанбе, 15.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо иштироки роҳбарияти кумита, кормандони дастгоҳи марказӣ ва ҷавонони фаъол дар мавзӯи пешниҳод гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Зимни ҷаласа Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пешниҳод гардидани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеи кафолати қонунии амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври густурда маънидод намуд.
Дар доираи чорабинӣ ҳозирин якдилона ба хулоса омаданд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз ҳама беш ба ҳаёти ҷавонон таъсирбахш буда, татбиқи ҳар як меъёри он ба ҳаёти ҷавонони кишвар таъсири амиқ мегузорад ва имконияти фаъолияти онҳоро дар тамоми соҳаҳо васеъ мегардонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






