Таҷлил аз Рӯзи байналмилалии радио
Душанбе, 13.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-. Ҳамасола 13-уми феврал ҳамчун рӯзи байналмилалии радио таҷлил мегардад. Ин сана аз ҷониби ЮНЕСКО дар 36-умин Конфронси Ассамблеяи Генералии СММ, ки 3-юми ноябри соли 2011-ум сурат гирифт, қабул гардид. Ҷашнгирии ин рӯз ҳамчун рӯзи ҷаҳонии радио аз тарафи Шоҳигарии Испания пешниҳод шуда буд. Дар ҳақиқат радио воситаест, ки дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рўзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсиаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат, дўстию рафоқат нақши муассир дорад ва ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.
Дар Тоҷикистон 10-уми апрели соли 1930 бори аввал радио ба фаъолият оғоз кардааст. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ шумораи радиоҳои давлатию хусусӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд гардидааст, ки мақсади аслии онҳо ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии Тоҷикистон бо ахбори ҷолибу созанда ва таъмини фароғату баланд бардоштани маънавиёти мардум мебошад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






