Таҷлили ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳ дар АНМН
Душанбе, 23.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-23 феврал дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бахшида ба рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он директори агентӣ Шерхон Салимзода, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҳайати шахсии агентӣ иштирок намуданд.
Шерхон Салимзода тамоми ҳайати шахсиро бо ин санаи фархунда табрик намуда, таъкид намуд, ки имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон 23-юмин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ин давра ба як неруи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегиранд.
Тӯли ин солҳо барои Артиши миллии Тоҷикистон давраи талошу кӯшишҳо, ранҷу заҳмат ва ҷоннисориҳо барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои дерин буд.
Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он артише, ки дорои техникаву таҷҳизоти номукаммал буд, имрӯз ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки соҳиби техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассиони баландпояи ҳарбӣ мебошад.
Роҳбари агентӣ ҳайати шахсиро ба хизмати софдилонаю содиқона даъват намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиро дар мадди аввал гузошт.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






