Тарбия дар рӯҳияи ватандӯстӣ
Душанбе, 20.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз бахшида ба таҷлили Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи хонандагон ва кӯдакону наврасон бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни хизматии хизматчиёни Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ба қароргоҳи ин ниҳод рафтанд.
Аз ҷониби кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи ВКД дар назди хонандагони синфҳои 9,10 ва 11-и Гимназияи «Ҳилол»-и ноҳияи Сино, кӯдакони гурӯҳҳои болоии кӯдакистони №11-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷараёни гузаронидани машқҳои тактикӣ, амалиёти махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои ҷиноятпеша, тарзи истифодаи сагҳои хизматӣ, техникаи махсус ва роботҳо намоиш дода шуд.
Кӯдакону наврасон дар васфи муҳофизони Ватан ва таъсиси Артиши миллӣ шеърҳо хонданд. Ҷавонписарони синфҳои болоӣ бо тарзи истифодаи яроқ, ки дар дарсҳои омодагии ҳарбӣ меомӯзанд, аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Ҳадафи чорабинӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, бедор намудани меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан-Модар, тарғиби хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






