Ташреҳи Паёми Пешвои миллат дар ДМИТ
Душанбе, 10.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 10 феврал бо мақсади ташреҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷўён дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид.
Декани факултет, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Ҷурахон Шарипов, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сироҷиддин Эмомов дар бораи нуктаҳои асосии Паём ибрози андеша намуданд. Таъкид шуд, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ, пешгирии онҳо аз пайравӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, бобати рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетию сиёсати молиявию қарзии мамлакат, муътадилии сатҳи нархҳо, баланд кардани қурби асъори миллӣ, рушди соҳаи энергетика, сохтмони роҳу пулҳо ва густариши ҳамкории иқтисодӣ бо шарикони рушд ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳои амиқ дод.
Зикр гардид, ки иҷрои онҳо имконпазир буда, танҳо аз масъулини сохторҳо фаъолияти босамари иҷрои саривақтии барномаҳои давлатию соҳавиро талаб менамояд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






