Ташреҳи Паёми Пешвои миллат дар Хуҷанд
Хуҷанд, 24.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯзҳо дар миқёси вилояти Суғд вобаста ба ташреҳи Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои маърифатӣ- фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шудаанд, ки зимни баргузории он аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ба аҳли ҷомеа моҳияту зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосӣ фаҳмонида мешавад.
23-уми феврал дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Убайдулло Азизов ва муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ бо сардорону мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ректорону устодони мактабҳои олӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва касбӣ, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тиббии вилоят баргузор гардид.
Дар вохурӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид оид ба муҳимтарин нуктаҳои Паёми Сарвари давлат вобаста ба соҳаи маориф сухан гуфт. Ҳамзамон ӯ вазъи татбиқи қарорҳои Ҳукумати кишвар ва барномаҳои давлатии соҳаи маорифро мавриди таҳлил қарор дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






