Тавзеҳи Паём аз ҷониби Шукурҷон Зуҳуров дар Тавилдара
Душанбе, 23.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Имрӯз вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолону собиқадорон ва ҷавонони ноҳияи Тавилдара баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷавонон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону хизматчиёни қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тавилдараро бо 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуд.
Дар мулоқот раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокунандагон шарҳ дод.
Дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки бо ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо мусоидат менамояд.
Раиси Маҷлиси намояндагон нуктаҳои Паёми навбатиро шарҳ дода, иброз намуд, ки соли 2016 бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Пешвои миллат музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони соҳаи маориф, бо шумули муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз чумла хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадоронии ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробар 25 фоиз зиёд карда мешавад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






