Тозагии атроф кори ҳамагон
Душанбе, 26.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ободӣ, тозагӣ, шукуфоӣ ва доимо соф будани оби дарё ва дараи зебоманзари Варзоб на танҳо аз сокинони ноҳия, балки аз ҳар як нафар меҳмону раҳгузар низ вобаста аст. Тавре ки мушоҳида мешавад, бисёр раҳгузарон аз дохили нақлиёт ҳар гуна зарфҳои обнӯшӣ ва ва пӯсти меваҷотро дар қади роҳҳо мепартоянд, ки дар натиҷа манзараи нохуш падид меояд. Кормандони маркази санитарии эпидемологии ноҳия ҳамасола дар тамоми минтақаҳои истироҳатии ҳудуди ноҳияи Варзоб, ки беш аз 600 ададро ташкил медиҳад, корҳои фаҳмондадиҳӣ, санҷишҳои махсус доир намуда, нисбат ба вайронкунандагони муҳити атроф санадҳои махсус тартиб медиҳанд. Ҳатто соли гузашта фаъолияти чанд минтақаи истироҳатӣ боздошта шуд.
Тозагии муҳити атроф ва покизагии оби ҷӯю дарёҳо аз ҳар нафар масъулияти бештарро тақозо дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйиёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






