Ҳудуди 9 ҳазор нафар ба машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ фаро гирифта шуданд
Душанбе, 13.02.2016.(АМИТ “Ховар”).- Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар зарфи соли сипаришуда беш аз 250 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванд ширкат доштанд.
Зариф Ализода -Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ асосан дар қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ, Турсунзода, Роғун, Исфара ва ноҳияҳои Рашт, Қумсангир, Қубодиён ва Айнӣ фаъолият доранд, гузаронида шуданд. Омбудсмени тоҷик ҳамзамон зикр кард, дар ин давра ба қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шаҳрвандон асосан доир ба масъалаҳои ҳуқуқ ба моликият, замин, манзил, алимент, нафақа, таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, инчунин муҳокимаи одилонаи судӣ муроҷиат намудаанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






